Роҳбари лаборатория

08 / 05 / 2026
08 / 05 / 2026

ҶДММ «Афзалият Групп» — истеҳсолкунандаи подгузникҳои кӯдакона таҳти бренди «Comfort Baby» — барои қабули кормандон ба вазифаи Роҳбари лабораторияи назорати ашёи хом озмун эълон менамояд.

 

Ӯҳдадориҳои вазифавӣ:

  • Идоракунии лаборатория: ташкил ва таъмини фаъолияти мунтазами шуъба (идоракунии лаборантҳо ва химикҳо);
  • Назорати воридотӣ: ташкил ва гузаронидани санҷиши ашёи хом (селлюлоза, суперабсорбент (SAP), маводҳои ғайрибофта, таркибҳои ширешӣ) мутобиқи ГОСТ ва стандартҳои байналмилалӣ;
  • Таҷҳизот: назорати ҳолати таҷҳизоти лабораторӣ, калибровка ва хариди таҷҳизоти нав;
  • Ҳисоботдиҳӣ: пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ тибқи системаи идоракунии сифат (ISO 9001);
  • Муҳлати шартнома — 1 сол.

 

Талабот:

  • Маълумоти олии тахассусӣ (кимиё, технологияи кимиёвӣ, биокимиё ё идоракунии сифат);
  • Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ дар сатҳи В2 ҳатмист;
  • Таҷрибаи корӣ: на камтар аз 3 сол дар вазифаи роҳбарикунанда дар лаборатория
    (таҷриба дар соҳаҳои FMCG, тиб, кимиё ё саноати сабук бартарӣ ҳисобида мешавад);
  • Донистани стандартҳо: фаҳмиши принсипҳои назорати маводҳои полимерӣ, абсорбентҳо ва текстил;
  • Хусусиятҳои шахсӣ: диққати баланд ба ҷузъиёт, принсипнокӣ дар масъалаҳои сифат ва тафаккури системавӣ;
  • Донистани усулҳои муосири таҳлили лабораторӣ ва асосҳои техникаи лабораторӣ;
  • Масъулиятшиносӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ;
  • Қобилияти кор ҳам дар гурӯҳ ва ҳам мустақилона.

 

Мо пешниҳод менамоем:

  • Маоши муносиб;
  • Имконият барои рушди касбӣ ва баланд бардоштани малака;
  • Дастаи дӯстона ва касбӣ;
  • Кафолатҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи меҳнат;
  • Хӯроки яквақта аз ҳисоби ширкат;
  • Омӯзиши касбӣ, рушди фаъолияти корӣ ва сафарҳои хизматӣ;
  • Реҷаи корӣ: 6/1, рӯзи шанбе — рӯзи кӯтоҳи корӣ.

 

 

Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботи вазифаи мазкур мувофиқат мекунанд.