Лаборант

10 / 09 / 2025
10 / 09 / 2025

ҶДММ «Афзалият Групп» — истеҳсолкунандаи подгузникҳои кӯдакона таҳти бренди «Comfort Baby» — барои қабул ба кор кормандонро даъват менамояд.

Ба мо кормандони фаъол ва масъулиятшинос барои вазифаи Лаборант лозиманд.

 

Ӯҳдадориҳои вазифавӣ:

  • Гузаронидани таҳқиқот ва таҳлилҳои лабораторӣ тибқи методикаҳои муқарраршуда;
  • Омода намудани намунаҳо барои таҳлил, аз ҷумла тамғагузорӣ ва нигоҳдории онҳо;
  • Пешбурди ҳуҷҷатгузории дақиқ оид ба натиҷаҳои таҳқиқот, аз ҷумла протоколҳо ва ҳисоботҳо;
  • Риояи стандартҳои бехатарӣ ва сифат дар фаъолияти лабораторӣ;
  • Иштирок дар таҳия ва такмили методикаҳо ва технологияҳои нави таҳлил.

 

Талабот:

  • Маълумоти олӣ ё нопурраи олӣ дар соҳаи биология, химия, тиб ё дигар самтҳои вобаста;
  • Таҷрибаи корӣ дар лаборатория бартарӣ ҳисобида мешавад;
  • Донистани усулҳои муосири таҳлили лабораторӣ ва асосҳои техникаи лабораторӣ;
  • Диққати баланд ба ҷузъиёт, масъулиятшиносӣ ва муташаккилӣ;
  • Қобилияти кор ҳам дар гурӯҳ ва ҳам мустақилона.

 

Мо пешниҳод менамоем:

  • Маоши рақобатпазир;
  • Омӯзиши касбӣ ва имконияти рушди фаъолият;
  • Дастаи дӯстона ва касбӣ;
  • Кафолатҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории меҳнатии амалкунанда;
  • Хӯроки яквақта аз ҳисоби ширкат;
  • Бақайдгирии расмӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Реҷаи корӣ: 6/1, рӯзи шанбе — рӯзи кӯтоҳи корӣ.

 

 

Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботи вазифаи мазкур мувофиқат мекунанд.